(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ташрифи донишҷӯёни хатлонӣ ба ДДХ ба номи академик Бобоҷон ҒафуровАз санаи 20 то 23 июни соли равон рӯзҳои донишҷӯёни вилояти Хатлон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Донишҷӯён-ҷавонони ваҳдатсаро» баргузор мешавад. Дар ин бора ба мо мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Фаридун Ҳодибоев иттилоъ дод.
Ин манбаъ афзуд, ки зиёда аз 30 нафар донишҷӯёну устодони  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Донишгоҳи  давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади таҳкими дӯстӣ, шиносоӣ оид ба вазъи таҳсил ва табодули таҷриба, ошноӣ аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилоят, иштирок дар конфронсу мулоқот ва  маҳфилҳои гуногун ба ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф меоранд. Ҳамин тавр эшон дар конфронси илмӣ - амалӣ бахшида ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ доир ба мавзӯи «Ваҳдат сарчашмаи саодати халқ», ки дар толори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сурат мегирад, иштирок менамоянд ва аз Осорхонаи вилоятии кишваршиносӣ, осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров, регистони мавзеи «Панҷшанбе», муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилояти Суғд, фаъолияти факултетҳои биология-химия, санъати тасвирӣ ва технология, забонҳои хориҷӣ ва педагогии Донишгоҳии давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, маҷмааи фаввораҳои шаҳри Хуҷанд (назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ), маҷмааи таърихию  фарҳангии «Истиқлол», Боғи фароғатӣ-истироҳатии «Истиқлол», хонамузейи Нозим Усмонов воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи таърихии Қасри маданияти Арбоб, толори баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чойхонаи миллӣ ва Амфитеатр, минтақаи «Баҳри тоҷик», Осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон ва ғайраҳо боздид ба амал меоранд.
Дар чаҳорчӯбаи барномаи ин чорабинӣ меҳмонон дар Хона – музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ  бо Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона мулоқот анҷом хоҳанд дод. Барномаи калони фарҳангӣ таҳти «Шоми ҷавонӣ» анҷомбахши чорабиниҳо хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом ба пешвози 20 солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон  сурат гирифта, дар ин замина баргузории дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва илмиву оммавӣ дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар назар аст.