(0 овоз, миёна 0 аз 5)

М У Р О Ҷ И А Т Н О М АИ ҷомеаи меҳнатии КВД «Автобазаи санитарии шаҳри Хуҷанд»  ба мардуми шарифи Хуҷанд ба истиқболи моҳи шарифи Рамазон Ҳамшаҳриёни мӯҳтарам!

Ҷомеаи меҳнатии КВД «Автобазаи санитарии шаҳри Хуҷанд»  ба мардуми шарифи Хуҷанд ба истиқболи моҳи шарифи Рамазон

Ҳамшаҳриёни мӯҳтарам!

Қабл аз ҳама фарорасии моҳи муборак, моҳи мағфирати гуноҳҳо, хайру савоб ва баракотро бароятон шодбош мегӯем. Таманнои онро дорем, ки ин моҳи шариф дар ҳаёти Шумо бофайзу баракат ва бо корҳои бунёдкориву созандагӣ ба хотири ободиву осудагӣ ва амнияти Ватани маҳбубамон нақши хотирмон хоҳад гузошт.

Яке аз фазилатҳои неки ин моҳи муборак дар баробари тозаву покиза нигоҳ доштани нафсу имон, ҳамзамон озодаву обод нигоҳ доштани хонаву манзил, кӯчаву муҳити зист мебошад.

Аз ин рӯ, ба шумо, ҳамшаҳриёни азиз, муроҷиат мекунем, ки аз рӯзҳои аввали моҳи шарифи Рамазон нисбати тозаву обод нигоҳ доштани шаҳрамон, аз ҷумла кӯчаву хиёбонҳо, бинову ҳавлиҳо, хонаву манзили зисти худ саъю кӯшиш намуда, дар ин роҳ хусусан насли ҷавонро ба он ҳидоят кунем, ки дар руҳияи ахлоқҳои ҳамида, алалхусус тозаву обод нигоҳ доштани манзилу макони хеш ба воя расанд.

Ҳамаи Шумо ба хубӣ огаҳӣ доред, ки имрӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрамон оид ба корҳои ободонӣ ва тозаву мубарро нигоҳ доштани вазъи санитарӣ ва муҳити зисти шаҳр тамоми тадбирҳоро меандешад. То ки шаҳрамон ба номи зебову шуҳратёри худ Тирози ҷаҳон сазовору арзанда бошад. Далели ин гуфтаҳо эълон гардидани 300 рӯзи ободонӣ дар маркази вилоятамон Хуҷандшаҳри бостонӣ аст. Аз ин пас мову шуморо зарур аст, ки дар пайравӣ ба иқдомҳои неку созандаи Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, МИҲД вилояту шаҳрамон корҳои созандву ободкориро равнақ дода, кӯшиш намоем, ки шаҳрамон хурраму гулпӯш бошад. Дар ин ин кори хайру савоб бояд ҳар як сокини шаҳр чӣ хурду калон ва чӣ ҷавону пир ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ! Шумо ба хубӣ медонед, ки ҳолати ғайрисанитарии муҳити зист пеш аз ҳама ба саломатии инсон- қитматтарин сарвати зиндагӣ зарар мерасонад. Мо, ба ақлу заковати шумо, хуҷандиёни азиз бовар дорем, ки инро ба хубӣ маърифат мекунед ва намегузоред, ки баробари ҳифзи саломатии худ ҳусну қубҳи шаҳрамон ба туфайли бепарвогиву фориғболии иддае халалдор гардад.

М У Р О Ҷ И А Т Н О М АИ ҷомеаи меҳнатии КВД «Автобазаи санитарии шаҳри Хуҷанд»  ба мардуми шарифи Хуҷанд ба истиқболи моҳи шарифи Рамазон Ҳамшаҳриёни мӯҳтарам!Ниёгони мо аз қадимулайём дар баробари адои сеюмин рукни мусалмонӣ, яъне рӯзаи моҳи шариф нисбати тозаву покиза нигоҳ доштани муҳити зист эътибори хосса медонанд. Махсусан, хуҷандиён бо риояи беҳтарин анъанаву суннатҳои шаҳрдорӣ мекӯшиданд макони зисташонро доимо тозаву обод нигоҳ доранд. Ва ин аст, ки шаҳри мо дар ақсои олам бо номи Тирози ҷаҳон, яънеи арӯси шаҳро маълуму машҳур гардидааст. Мо боварӣ дорем, ки шумо низ баробари иҷрои ин фаризаи табарруки исломӣ мекӯшед шаҳрамон ҳамеша озодаву обод бошад ва ҳусну малоҳати он боз ҳам афзунтару бештар гардад.

Барои корҳои дар боло зикр гардида, аз шумо заҳмати зиёда талаб карда намешавад. Танҳо шуморо зарур аст, ки тартибу низоми баровардани партовҳо ва дар ҷои таъинот рехтани онро риоя намоед. Мо бошем, дар навбати худ мекӯшем партовҳои шуморо саривақт ҷамъоварӣ намуда, рисолати худ тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри азизамонро таъмин намоем. Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек ба Шумо дар моҳи мубораки Рамазон тавфиқу инсоф, бурдборӣ ва босабру таҳаммул буданро таманно дорем.

Моҳи Рамазон бар шумо муборак бошад!