(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  бо мақсади омӯзиши вазъи бозор ва нархи анвои маҳсулот аз калонтарин бозори шаҳри Хуҷанд  - Панҷшанбе  дидан кард.

Қоҳир Расулзода ҳангоми боздид аз растаҳои гуногуни фурӯши маҳсулот бо фурӯшандагони бозор сӯҳбатҳо доир намуда, ба нархи анвои маҳсулоти бозор дар арафаи моҳи шарифи Рамазон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард. Аз ҷумла, Раиси вилоят аз фурӯшандагон даъват ба амал овард, ки дар моҳи шарифи Рамазон аз  болоравии нархи маҳсулот дар бозор ҷилавгирӣ намоянд.

Тавре аён гардид, ҳоло нисбат ба рӯзҳои муқаррарӣ нархи баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла, гӯшт то 10 ва биринҷ то 15 фоиз арзон шудааст.

Боздиди Раиси вилоят аз бозори ПанҷшанбеЗимни сӯҳбат фурӯшандагони бозори Панҷшанбе изҳор доштанд, ки пастшавии нархи маҳсулот аз ҳисоби поёнравии ҳаққи иҷора, ки роҳбарияти бозор дар моҳи шарифи Рамазон барои иҷорагирон пешбинӣ намудааст, амалӣ гардид.

Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе

Ҳамзамон, роҳбарияти бозор изҳор доштанд, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба тамоми хоҳишмандон-фурӯшандагон аз шаҳру навоҳии вилоят, дӯконҳои худро барои истифодаи ройгон вогузор хоҳанд кард. Ин ибтикор аз ҷониби Раиси вилоят бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Боздиди Раиси вилоят аз бозори Панҷшанбе

Раиси вилоят барои беҳтар намудани вазъи санитарӣ,  шароити кори фурӯшандагони бозори сабзавоту полезиҳо, инчунин, оид ба  мумфаршкунии роҳҳои дохили бозор ба роҳбарияти калонтарин фурӯшгоҳи вилоят – бозори Панҷшанбе супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзодаро дар ин боздид Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, муовинони Раисони вилоят ва шаҳр ҳамроҳӣ намуданд.