(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кӯдакони меҳрубону саодатманд!
Аз рӯи анъана ҳар сол рӯзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубият дорад.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 67 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Аз ин рӯ, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям.
Дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кӯдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ ва таваҷҷӯҳӣ хоса фарогиранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба тақдири кӯдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ягон табақаи аҳолӣ аз ғамхорию парасторӣ берун нест. Маҳз пойдории сулҳу салоҳ аст, ки рӯзгорамонро рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Инчунин ба кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷӯҳи хоса рӯз аз рӯз бештар мешавад.
Қобили қайд ва боиси ифтихор аст, ки Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба дастгирии модару кӯдак, тарбияи ҷисман ва руҳан солими онҳо ғамхорӣ ва диққати махсус медиҳанд, ки кӯдакон айёми беғаши умрро хуш гузаронанд ва аз ҳеҷ чиз камӣ надошта бошанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша ба оилаҳои камбизоат ва кӯдакон, махсусан ба кӯдакони ниёзманду сиҳатиашон коста ғамхории муттасил ва сарпарастӣ карданро дар мадди назари аввал медорад.
Дар шаҳр барои модару кӯдак фароҳам овардани шароити мусоид дар мадди назар аст. Барои афзунии шумораи кӯдакистонҳо, таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ, таъмиру тармими онҳо, таъмини ғизоӣ, ҳифзи тандурустии кӯдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ мешаванд.
Дастгирии оилаҳои камбизоат, кӯмаки пайваста ба кӯдакони ятиму бепарастор, ғамхорӣ ба парваришгоҳҳои махсус давра ба давра такмил меёбад.
Фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба кулли кӯдакону наврасон табрику муборакбод намуда, барои онҳо даврони саодатёри наврасӣ, оромию осудагӣ ва хандаи ҷовидонаи беғаши тифлиро таманно дорем. Бигзор кӯдакони мо ҳамеша сарбаланду саодатманд ва ворисони арзандаи Ватани хеш бошанд.
Ҳамеша сиҳатманду солим бошед, кӯдакони меҳрубон!