(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Табрики Раиси шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи маъюбону пиронсолони ТоҷикистонҲар сол 8-уми июл дар миқёси ҷумҳурӣ расман таҷлил гардидани Рӯзи маъюбон ва пиронсолон нишони эҳтиромгузорӣ нисбат ба инсонҳоест, ки бо амри тақдир костагие дар вуҷуди худ доранду бар асари он маъюбанд ва ё рӯзи қадри инсонҳои мӯътабарест, ки беҳтарин рӯзҳои умри хешро сарфи меҳнати пурсамар баҳри ободию рушди кишвари хеш карданд ва имрӯз дар ҳалқаи пайвандону аҳли оила роҳати айёми пирӣ мебинанд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки кулли сокинонаш аз азал инсонпарвару мардумдӯстанд ва ҳамдигарро ба накӯкорӣ даъват менамоянд, парастории маъюбон ва пирони барҷомонда амали муқаррарист. Ин масъала дар сатҳи давлатӣ ҳалли мусбати худро меёбад.

Ин қабил ашхос дар паноҳи давлатанд ва кафолати зиндагии муносиби онҳоро давлату ҳукумат бар дӯш доранд.

Онҳо ҳама вақт дастгирии давлату ҳукуматро эҳсос мекунанд, аз ғамхориҳо ҳамеша бархурдоранд. Мунтазам изофа кардани нафақапулии маъюбону пиронсолон, ҷорӣ кардани имтиёзҳо, аёдати ин қабил ашхос дар рӯзҳои иду айём инҳоанд номгӯи нопурраи тадбирҳое, ки ҳукумат ҳамеша барои дастгирии моддию маънавии маъюбону пиронсолон раво мебинад, коре мекунад, ки норасоиҳои муваққатии зиндагиро пирону маъюбон ҳарчӣ камтар эҳсос намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар пайравӣ ба ташаббусу эҳсони Ҷаноби Олӣ, Сарвари давлатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоятамон, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода нисбат ба пирону барҷомондагон, ашхоси бо онҳо баробаримтиёз, одамони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва албатта маъюбон пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунад, дастгирии моддию маънавии онҳоро қарзи муқаддаси худ медонад.

Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то ки пирон, маъюбон ва ниёзмандон нафақапулиашонро сари вақт гирифта тавонанд ва иҷрои Барномаи дарозмуддати «Ғамхорӣ», ки муҳимтарин нуктаҳои принсипи инсонпарвариро фарогир асту маҳз ба ҳамин хотир мураттаб шудааст, марҳила ба марҳила таъмин карда шавад. Ин амали хайр аз ҷониби корхонаю муассисаҳо, ташкилот ва созмонҳои байналхалқию ғайриҳукуматӣ низ дастгирӣ меёбад.

Дар ин рӯзи саид ба пирони рӯзгордида ва маъюбон умри бардавом, саодати зиндагӣ ва дар фаъолияти пурсамари ҷамъиятиашон баҳри тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ, садоқат ба Ватан барору муваффақиятҳои нав ба нав таманно мекунам.

Ҳамеша соҳибирода ва сарбаланд бошед!

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                                                                              Раҷаббой Каримов