(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Варзиш: Чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣСанаҳои 24-28-уми июни соли равон дар шаҳри Кибрайи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 12-умин Чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣ (армрестлинг) байни ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид. Аз давлати мо дар ин мусобиқа 82 нафар иштирок намуданд. Намояндагони Тоҷикистон, минҷумла вилояти Суғдро Президенти Ассотсиатсияи дастхобонии мамлакат Фарҳод Султонов ва сармуррабии вилояти Суғд Зокирҷон Комилов роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷамъбаст намояндагони вилояти Суғд 14 ҷойи аввал, 30 ҷойи дуюм ва 35 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз шаҳри мо 35 нафар, бахусус аз Варзиш: Чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣМактаби варзишии бачагону наврасони №1-ум 6 нафар иштирок намуда, 7 нафар ҷойи аввал, 14 нафар ҷойи дуюм ва 14 нафар ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Гирандагони ҷойи якум бо медали тилло ва диплом, гирандагони ҷойи дуюм бо медали нуқра ва диплом, гирандагони ҷойи сеюм бо медали биринҷӣ ва диплом сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом варзишгарон барои кӯмак ва дастгириашон ҷиҳати сафар ва иштирок дар Чемпионати Осиё ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов арзи сипос намуданд.