(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кулли кормандони воситаҳои алоқа, хабарнигорон ва алоқамандони радиоро бо иди касбӣ – Рӯзи радио ва алоқа аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо самимият ва эҳтироми афзун табрик намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, табъи болидаю рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъда ба хотири ғановати фазои иттилоотӣ, хабарнигорӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҳидояти мардум ба меҳнати созанда комёбиҳои тоза таманно мекунам.
Дар ин рӯзҳои фархунда, мардуми шарифи кишварамон бо руҳбаландӣ ба ҷашнҳои муқаддаси миллӣ – 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Баргузории ин санаҳои таърихӣ дар фазои тинҷу оромии ватанамон, ки меваи шаҳдбори Ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаву ободкоронаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулњу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, доир мегардад.
Тараққиёти бемайлони ҳаёти имрӯзаро бе алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионии муосир тасаввур кардан душвор аст.
Фаъолияти 6 ширкати мобилӣ, шабакаи телефони шаҳрӣ ва намояндагии департаменти давлатии «Почтаи тоҷик», радиои  вилояти Суғд ва 6 радиои маҳаллии мустақил дар шаҳри Хуҷанд  бозгӯи он аст, ки дар асри мо алоқа ва радио чун воситаи муҳимтарин иртибот ва иттилоот аҳамияти муҳим дорад барои сокинон хизмат мерасонад.
Дар ҳамин замина боиси хурсандист, ки кормандони соҳа бо дарки масъулияти баланд дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакат ва дар раванди пешравиҳои беназир иштироки бевоситаи фаъолона доранд. Онҳо дар тарғиб ва амалӣ гаштани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд.
Таҷлили Рӯзи радио ва алоқа ва дар ин замина рӯ овардан ба таърихи радио, қабл аз ҳама эътирофи қадри сухан чун нерӯи бузурги ҳидояткунундаи мардум, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони васоити ахбори омма аст. Радиову алоқа чун васоити ахбори омма ҷузъи таркибии рӯзгори мост ва сухани созанда дар хури замон буда, ҳамеша ҳамроҳу ҳамқадами мо хоҳад буд.
Дар ин рӯзи неку фархунда ба кормандони радиою алоқа, собиқадорони соҳа ва ҳамаи шунавандагону истифодабарандагони васоити алоқа барору музаффариятҳо орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак, кормандони соҳаи алоқа ва радио!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                     Маъруф Муҳаммадзода