(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқот: Арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию динӣПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли ҷамоатчигии кишвар доир ба муносиботи давлат ва дин мулоқоти судбахш анҷом дод.

Мулоқот, рӯзи панҷшанбе, санаи 4-уми июли соли равон дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки олимону ходимони дин, намояндагони иттиҳодияҳои гуногуни динӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоату деҳшӯроҳо, масъулони бахшҳои иҷтимоии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар фаъолони ин самти ҳаёти ҷомеа баргузор гардид.

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ аҳли толор ва мардуми кишварро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфта, онҳоро ба рафтору кирдори шоиста, парҳезгорӣ ва дигар амалҳои хайру савоб ҳидоят намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масоили гуногуни вобаста ба муносиботи давлат ва дин, тамоюлҳои номатлуби динию мазҳабии халалдоркунандаи оромию субот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию диниро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, доир ба ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷиддии мавҷуда пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.

Ба фаъолияти ҷудоиандозӣ ва тафриқаангезии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо, масҷидҳои алоҳида ва теъдоде аз ходимони дин таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкидан изҳор дошт, ки “дин бояд воситаи қавии таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва тарғибгари омилҳои рушду пешрафти ҷомеа бошад, на ин ки чун василаи ҷудоиангезӣ, низоъ ва фитнагарӣ истифода шавад”.

Андешаҳои ҷолиб доир ба ҷойгоҳи фарҳанги миллӣ ва фарҳанги динии мардуми тоҷик баён карда шуд. Зикр гардид, ки агар фарҳанги исломии мо ҳамагӣ беш аз 1400 сол умр дошта бошад, фарҳанги миллиамон таърихи беш аз 5,5 ҳазорсола дорад. Таъкид гардид, ки ҳисси миллӣ ва ифтихори давлатдории миллӣ дар тафаккури мардуми соҳибтамаддуни мо бояд мақому манзалати баланд дошта бошад.

Бо изҳори нигаронӣ аз андешаҳои баъзе доираҳои динӣ, ки ҷашни ҷаҳонигардидаи Наврӯзро барои уммати мусулмон бегона мешуморанд, таъкид гардид: “Наврӯз чун иди табиӣ ва миллии мо таърихи беш аз 6 ҳазорсола дошта, ба ягон дину мазҳаб алоқамандӣ надорад”. Изҳори таассуф карда шуд, ки “дар сурати эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардани ҷашни Наврӯз аз он рӯй тофтани баъзе соҳибони ноогоҳу ношукраш комилан нораво аст”.

Таъкид гардид, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешгирӣ аз густариш пайдо кардани равияҳои бегона дар ҷомеаи Тоҷикистон олимону ходимони дини мубини Ислом бояд дар дохили кишвар омода карда шаванд. Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки аз якуми январи соли 2014 барои имом-хатибони масҷидҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маош муқаррар карда шавад.

Мулоқот: Арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию динӣҲамчунин, аз фирефта шудану ба гурӯҳҳои моил ба амалҳои террористию ифротгароӣ гароидани баъзе ҷавонони ноогоҳ изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки “давлати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгароӣ ва ҷиноятҳои дигари созмонёфта аз тамоми имкону захираҳо истифода хоҳад кард ва мубориза бо терроризм набояд чун мубориза бо дини Ислом фаҳмида шавад”.

Таваҷҷӯҳи зиёд, ҳамчунин ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зоҳир карда шуд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бори дигар ба арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию динии худ, ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва давлатдории мустақили кунунӣ ва ҳамчунин ба ҳифзи шоистаи давлату миллат ва ваҳдату ягонагӣ ҳидоят намуд.

Сипас миёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли толор, пеш аз ҳама олимону ходимони дин маҳфили тӯлонии пурсишу посух баргузор шуд, ки беш аз 2 соат идома дошт. Пурсишу дархостҳои зиёд аз ҷониби намояндагони тамоми гӯшаю канори кишвар садо доданд.

Дар охири мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор ва мардуми кишварро бори дигар ба таълиму тарбияи босифати фарзандон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба таҳсили фарзандон, аз ҷумла духтарон монеа нашаванд ва таъкид намуд, ки “барои омодасозии кадрҳои ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ мувофиқ бояд аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода барем”.