(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Сӯҳбати судманду ошкоро бо ҷавонон.Ҷиҳати иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 7 апрели соли 2017 №188 Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Соли чавонон» санаи 20 апрели соли ҷорӣ конференсия дар мавзӯи "Ҷавонон ва муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъият, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он" дар маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 19 ташкил ва гузаронида шуд.
Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, Бахтиёр Исматҷонов сардори шӯъбаи хадамоти муҳоҷират дар шаҳр, Мунира Сатторова раисони кумитаи махаллахо ва чавонону омӯзгорон иштирок намуда, бо ҳозирон дармавзӯи чорабинӣ доир ба мавзӯъҳои бо кор таъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии ходисахои номатлуб байни чавонон ва шомилшавии онхо ба хизбу харакатхои гайриконуни мубодилаи назар намуданд. Конфренсия бо мақсади огоҳӣ намудани шаҳрвандон ва чавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирон, пешгирии шомилшавии онхо ба ҳаргуна равия ва ҳизбҳои тундрав гузаронида шуд.