(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд раиси худро интихоб намудДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид. Кори ҷаласаро мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ Мирзоқосим Каримов ифтитоҳ намуда, ба маълумоти ҳозирон  расонд, ки бинобар ба кори дигар гузаштан Шариф Шарифзода ва Умедахон Муродӣ аз вазифаи раис ва муовини раиси Шӯро озод карда шуданд. Бо овоздиҳии якдилона Маъруф Муҳаммадзода Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ва Раъно Ҳошимзода муовини раиси Шӯро интихоб гардиданд. Баъдан аъзоёни Шӯро ба баррасии масъалаи рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ намуданд. Доир ин масъала дар назди ҳозирон мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мӯҳсин Миркамолов баромад намуд. Вобаста ба масъалаи мазкур аъзоёни Шӯро Мӯъминҷон Орипов изҳори андеша намуд. Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис доири иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 12.01.2012, №16 «Дар бораи амалц намудани «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мудири маорифи шаҳр Илҳом Султонӣ маърӯза намуд. Аъзоёни Шӯро Мубин Маҳмудов, Наим  Маликисломӣ мавриди сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои томактабӣ  ва таъмини ғизо барои кӯдакони ин муассисаҳо  мубодилаи андеша намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода доири масъалаҳои баррасигардида андешаҳои худро баён сохта аз ҷумла таъкид намуд,ки “Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2017, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ “Соли ҷавонон” ва бо пешниҳоди Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ “Соли 2017 - Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” эълон шудааст,  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодириро сармашқи кори худ қарор дода, дар ин ҷода ҳамкории судмандро бо ҷомеа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва оилаҳои пешқадам доимӣ ба роҳ монда, таъмини рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳамчунин дар самти сохтмону ободонӣ, ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои Соли 2017 - Соли ҷавонон ташкилу сафарбар хоҳад кард”.
Дар анҷоми ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ҳозирон қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.