(2 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Устодони ДПДТТ ҷоизаи академияи илмҳоро соҳиб шудандДар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик сессияи илмии солонаи «Айнӣ» ва Форуми ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия- омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» бо ҷалби соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, олимони варзидаи тоҷик, навоварон ва ихтироъкорон, олимони ҷавон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни соҳиблаёқати муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар Форуми ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия-омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» олимони ҷавон маърӯзаҳои илмӣ намуда, ихтирооти худро ба ҳозирин муаррифӣ карданд. Дар анҷоми Форуми ҷумҳуриявӣ барои дастовардҳои назарраси илмӣ дар соли 2017 як гурӯҳ муҳаққиқони ҷавон бо дипломҳо ва ифтихорномаҳои АИ ҶТ сарфароз гардонида шуданд.
Устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  номзадони илмҳои физика ва математика- Одилхӯҷа Солиев ва Хуршед Худойбердиев аз рӯи равияи илмҳои дақиқ барои силсилаи корҳо дар мавзӯи «Лингвистикаи компютерии забони тоҷикӣ» ба ҷоизаи ба номи академик Султон Умаров соҳиб гардиданд.
Ҷоизаро дар вазъияти тантанавӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Президенти академияи илмҳои кишвар Фарҳод Раҳимӣ дар вазъияти тантанавӣ супориданд.
Ёдовар мешавем, ки устодони донишкада дар ҷодаи технолгияи иттилоотӣ ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардида,  давоми ду соли охир чунин лоиҳаҳои буҷавӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мавриди тадқиқот қарор ёфтаанд.
Коркарди тезауруси лингвистикаи забони тоҷикӣ. Бо роҳбарии доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Усмонов Зафар Ҷӯраевич.
Коркарди таъминоти барномавии ташкил ва назорати низоми идораи сифати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси Web-технологияҳо. Бо роҳбарии номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Мақсудов Хуршед Темурович.
Коркарди алгоритмҳо ва модулҳои стандарти имзои электронӣ рақамӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо роҳбарии номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, Солиев Одилхӯҷа Маҳмудхӯҷаевич.
Коркарди тарҷумони тоҷикӣ дар асоси технологияи Google. Бо роҳбарии номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, Худойбердиев Хуршед Атохонович.