(3 голоса, среднее 2.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мулоқоти Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки шаҳр бо толибилмон.Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд силсилаи мулоқоту вохуриҳо ба толибилмон ва омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ масъулини комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Максад ин чорабинӣ пешгирии зӯроварӣ ва гузаронидани тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии ноболиѓону ҷавонон ба ҳаргуна падидаҳои номатлуб ва даст задани онҳо ба ҳуқуқвайронкуниву ҷиноятсодиркунӣ ва инчунин фаҳмонидани мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аст. Дар мулоқот сармутахассиси Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак Усмонҷон Юсуфӣ масъулини Бахши кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ  ширкат намуданд.
Дар мулоқот доири санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналхалқӣ ва  миллӣ, тартибу низоми амалишавии  ҳуқуқи  кӯдакон ва ҳимояи онҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Хонандагон ба масъулини сохторҳои зикргардида доири тадбиқи амалишавии ҳуқуқи онҳо, фаъоляти комиссияи ҳуқуқи кӯдак саволҳо доданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи семоҳаи аваали соли 2017 ба унвони Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак 79 адад аризаҳои хаттӣ, 40 адад муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ва инчунин 104 адад мактубҳо аз мақомотҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо ворид гашта, аз ҷониби масъулини соҳа баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои қонунии кӯдакон саривақт тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Тибқи маълумотномаи шӯъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиѓон ва ҷавонони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар давраи семоҳаи аввалаи соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 8 ҷиноят аз тарафи 12 нафар ноболиѓ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016 мутаносибан 5 нафар ноболиѓ зиёд ва 2 ҷиноят кам ба қайд гирифта шудааст.
Аз 10 нафар ноболиѓони ҷиноят содирнамудаи сокинони шаҳри Хуҷанд 7 нафараш хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7, №8, №9, №19, №21 мебошанд, ки аз муассисаҳои мазкур 13 лаҳзаи ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ, қаллобӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ аз ҷониби 7 нафар хонанда содир карда шудааст.
Ҳоло дар қайди шӯъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиѓон ва ҷавонони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 32 нафар ноболиѓон дар қайд меистанд, ки аз онҳо 20 нафарашон хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр буда, аз он ҷумла аз мактаби №9 ва 19 бошад 5 нафар дар қайд меистанд.