(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Соҳаҳои шаҳри Хуҷанд аз семоҳаи аввали сол натиҷагирӣ намуданд.Имрӯз дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҷамбастии фаъолияти тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи авали соли равон доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони шаҳр ширкат намуданд.
Доири натиҷаҳои семоҳаи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Абдураҳим Солизода маъруза намуд.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ва муовини Раиси вилояти Суғд доири аз фаъолият мондани 38 корхонаҳои саноати шаҳр, таҳлили вазъи ба амал омада, назорати корхонаҳои истеҳсолии мавсимӣ, аз байн бурдани қарзи музди маоши кормандони корхонаи саноатӣ ва ғайра бо маърӯзачи муколама сурат гирифт. Баъдан муовини сардори Нозироти андози шаҳр Заррина Раҳмонова, мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёр Исматҷонов, мудири бахш и кор бо дин ва танзими расму ойинҳо Мӯҳсинр Миркамолов, мудири шӯъбаи маориф Илҳом Султонӣ, мудири шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр Маъруф Алибоев доири фаъолияти худ дар семоҳа ахборот доданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид намуд,ки сохторҳои номбурда доири кам намудани бақияи андоз, таҳкими фаъолияти раисони кумитаи маҳаллаҳо барои баргардондани нафароне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва пеш аз мӯҳлат иҷро намудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати баргузор намудани чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба соли ҷавонон, ва ислоҳи вазъи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои зикргардида тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар анҷоми кори маҷлис муовини Раисивилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баромад намуда, даъват намуд, ки барои таҳлилу чораҷуии масъалаҳои ҷойдошта тарзу усули корбарии муосирро истифода баранд.