(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Камбудиҳои селроҳаҳои шаҳр бартараф мегардадРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи навбатии комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳри Хуҷандр оид ба ҳолатҳои фавқуллодаро доир намуд.
Дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ, роҳбарияти  ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳр ширкат намуданд.
Баъди қисмати ифтитоҳии ҷаласа сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хуҷанд Ғолиб Шарифов баромад намуда доири вазъи селроҳаҳои шаҳр маълумот дод. Қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисон дар шаҳри Хуҷанд 20 мавзеи селроҳа муайян карда шуда,  масофаи дарёи Сир дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 10 километрро ташкил медиҳад. Бо мақсади пешгирӣ намудани зарару хисорот аз боришоти зиёд ва офатҳои табӣ дар мавсими баҳору тирамоҳ ҳолати селроҳаҳо санҷида шуда, барои бартараф намудани камбудихо чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд. Назар ба маълумоти Ғоиб Шарифов ҳоло дар маҳаллаҳои  навбунёди 1,2, 4,5 ва маҳаллаҳои дигари шаҳр барои таъмири ҷӯйборҳо ва азнавсозии қубурҳои обрави селроҳа нақшаи корӣ таҳия гардида, бартараф  намудани камбудиҳо идома дорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ситоди ҳолатҳои фавқуллода, идораи хоҷагию манзилӣ  ва коммуналии шаҳр, идораи маориф, ҳифзи муҳити зист супориш дод, ки то санаи 20 май обутобгоҳхои соҳили дарёи Сирро барои истироҳату оббозии шаҳрвандон омода намоянд.