(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боздид аз рафти сохтмони кӯдакистони президентӣ

Раиси вилоят ба мақомоти дахлдори вилоятӣ супориш дод, ки барои ишғоли вазифаи роҳбари кӯдакистон миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо озмун эълон карда шавад.Мувофиқи нақша дар боғча тамоми шароити зарурӣ муҳайё мегарданд. Дар ин ҷо майдончаҳои гуногуни истироҳативу варзишӣ, толорҳои компютерӣ, рақсӣ, утоқҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоти маишии кӯдакон, ошхонаву хонаи тиббии муосир  ва ғайра ташкил карда мешаванд.Зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иншоот дидан карда, пешниҳод намуд, ки бо истифода аз технологияҳои пешқадами бинокорӣ ва масолеҳи сабуки сохтмонӣ ошёнаи сеюми ин биноҳо сохта шавад. Ин имконият медиҳад, шумораи кӯдаконе, ки муассиса метавонад қабул намояд, то ба 1000 нафар расонда шавад.Тавре иттилоъ дода шуд, ин иншоот, ки бо номи боғчаи бачагонаи инноватсионии президентӣ ёд мешавад, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад. Ҳудуди боғчаи мазкур 3 гектарро фаро гирифта, он ба яке аз калонтарин муассисаҳои томактабии вилоят табдил хоҳад ёфт. Боздид аз рафти сохтмони кӯдакистони президентӣМавриди зикр аст, ки ин кӯдакистон, тибқи лоиҳа аз 5 бинои дуошёна иборат буда, барои 640 кӯдаки болаёқату соҳибистеъдод пешбинӣ шуда буд. Айни ҳол ба корҳои сохтмонӣ 400 нафар ҷалб карда шудаанд ва ифтитоҳи он дар моҳи сентябр ба нақша

Боздид аз рафти сохтмони кӯдакистони президентӣ

гирифта шуда буд.Раиси вилоят дар ҷараёни боздид аз  корҳои иҷрошуда  дар ин иншоот ҳарчанд аз суръат ва сифати корҳо изҳори қаноатмандӣ намуда бошад ҳам, тақозо намуд, ки сифати корҳои сохтмониро боз ҳам беҳтар намоянд.Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони боғчаи президентӣ, воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд, шинос шуд.