(2 голоса, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд барои ислоҳи камбудиҳо як моҳ мӯҳлат додБо мақсади таҳкими корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ба тартиб даровардани мағозаю марказҳои хизматрасонии шафати роҳҳо давоми ду рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ, идораҳои ободонию кабудизоркунӣ, меъморию шаҳрсозӣ, заминсозӣ, чароғонкунӣ ва ғайра аз ду кӯчаи марказии шаҳр, хиёбони И. Сомонӣ ва кӯчаи К. Хуҷандӣ  боздиди корӣ намуд. Дар рафти он Раиси шаҳри Хуҷанд масъулинро ба сатҳу сифати корҳои ба анҷомрасондани сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ барои таҷлили Наврӯз равона намуд. Новобаста аз он, ки дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонда шудаанд, лек ҳамоно барои ба тартиб ва талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯ будани ин ду кӯчаи асосии шаҳр корҳои зиёдеро ба анҷом расондан лозим аст. Аз он ҷумла Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супориш дод, ки доири истифодаи мақсадноки биноҳои истифоданашаванда, таъмири намои ин биноҳо, бобати  аз қади роҳ гирифтани дӯкону нуқтаҳои савдои ба талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯ набуда, азнавсозии шиору овезаҳо, тахтаҳои таблиғотии худсохти бе иҷозат насбкардашуда, гулзору обод намудани майдонҳои кабудизоркуни марбути онҳо чораҳои фаврӣ андешанд. Ҳамчунин ба корхонаю ташкилот ва марказҳои хизматрасонию мағозаҳои дар қади роҳ мавҷудбуда супориш дода шуд, ки роҳрави назди коргоҳи худро таъмир намуда, сафолакпӯш намоянд.
Барои анҷоми кор ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони мутасаддӣ як моҳ мӯҳлат дода шуд.