(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳр вусъати корҳои ободонию созандагиро талаб намуд

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар кори он муовинони Раиси шаҳр, роҳбаридастгоҳ, мудирони шӯъбаю бахш роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти маҳаллӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо иштрок намуданд. Дар оғози кори ҷаласа ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр Ҷамшед Набизода оиди пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд аз 23 феврали соли 2017 №9/1-17472п/ҷ “Оиди бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат намудаанд” ҳозиринро шинос намуд. Вобаста ба ин пешниҳоди мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд  ба сардори идораи замини шаҳр Абдухалил Ёрматов, мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Абдумубин Исоев баҳри пешгирӣ ва бартараф кардани қонуншикании истифода ва тақсимоти замин, ҳамчунин дар оянда такрор наёфтани он супоришҳои мушаххас ва қатъӣ дод. Баъдан доири иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба тамоми корхонаю ташкилоти кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ Маъруф Муҳаммадзода супориш дод,ки корҳои кабудизоркунӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, махсусан дар канори роҳҳои асосӣ ва мавзеъҳои истироҳатӣ ва биноҳои маъмурию фарҳангӣ идома дода шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки шаклу сохти гулдонҳо иваз карда шуда, дар якҷоягӣ бо раисони маҳаллаҳо оиди мумфаршкунии маҳаллаҳо ва тангкўчаҳои шаҳр нақшаи мушаххас бояд таҳия гардад. Дар ин замина доири назорати доимии кормандони масъули партовкашонӣ ва ободонӣ дастур дода шуд.
Ҳамчунин дар маҷлиси корӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳои мақомати маҳаллӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар соли ҷорӣ пешбинигашта дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои мушаххас дода шуд.