(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Истироҳатгоҳи назди мактабӣ: Таътил хуш мегузарадИмрӯзҳо омӯзгорону толибилмони мактаби таҳсилотии миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо соли хониши 2012-2013-умро бо муваффақият ҷамъбаст намуда, ба истироҳат баромадаанд. Яке онро дар осоишгоҳ мегузаронад, дигаре бо хушсифат таъмир намудани хонаву макони зисташ машғул мебошад. Наврасон бошанд ба корҳои хона ба волидайнашон кӯмак мерасонанд. Қисме аз хонандагони мактабҳо дар истироҳатҳои берун аз шаҳр ё назди дабиристон истироҳат менамоянд.

Маъмурияти гимназияи «Ганҷ» низ бо мақсади хушу хотирмон гузаштани таътили тобистонаи хонандагон дар назди таълимгоҳ истироҳатгоҳ бо номи «Ганҷина» ташкил карданд. Имрӯз дар он 20 нафар хонандагони синфҳои 1-5-ум фароғат мекунанд. Истироҳатгоҳи назди мактабӣ: Таътил хуш мегузарадИстироҳатгоҳи назди мактабӣ: Таътил хуш мегузарадБарои истироҳати наврасон тамоми шароит муҳайёст. Истироҳаткунандагон бо се маҳал хӯрок таъминанд.

Омӯзгор Маликахон Шарифова ва мураббӣ Нигорахон Ҷалолова мунтазам бо хонандагон машғулиятҳои гуногун мегузаронанд. Озмунҳои шоҳмоту шашка ва Истироҳатгоҳи назди мактабӣ: Таътил хуш мегузарадкашидани расмҳои гуногунро созмон дода, наврасонро ба эҷодкорӣ ва сайқали фикр водор месозанд. Дар озмуни расмкашӣ тамоми истироҳаткунандагон иштирок карда, Шаҳноза Дадобоева беҳтарин рассом дониста шуд.

Ҳамзамон, толибилмонро ба сайругашт, тамошои ҷойҳои таърихии шаҳр ва вилоят мебаранд. Бо мутолиаи китобҳои бадеӣ дар дили хонандагон ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносро бедор карда, онҳоро барои арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ талқин менамоянд.