(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раиси шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардидРӯзи шанбеи 1 апрел бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Алишер Шарифов муаррифии раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2017 бо сабаби ба кори дигар гузаштан раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз аз вазифа озод карда шуданд.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки фаъолони шаҳри Хуҷанд раиси нави шаҳри Хуҷанд низ муаррифӣ гардид. Абдураҳмон Қодирӣ барои хизматҳояш ба Шарифзода Шариф Файз изҳори сипос намуда, ба раиси нави шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дастуру супоришҳои мушаххас дод.