(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тани сиҳат - тоҷи давлат: Fамхорӣ ба модару кӯдакЯке аз самтҳои муҳими соҳаи иҷтимоӣ нигаҳдории тандурустӣ аст. Саломатии миллат сарвати бебаҳост, ки тавоноии давлатро бидуни он тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду тараққиёти ин соҳа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ғанӣ гаштани базаи моддӣ ва техникии он пайваста ғамхорӣ менамояд.

Таваллудхонаи шаҳрии Хуҷанди бостонӣ яке аз чунин муассисаҳои тиббӣ буда, дар он ҷо давомдиҳандагони насли инсонӣ чашм ба олами ҳастӣ мекушоянд. Тифлакони дӯстрӯй ба дунё омада, бо ҳастии худ кулбаеро равшан, кошонаеро пур аз шодию фараҳ мегардонанд.

Тани сиҳат - тоҷи давлат: Fамхорӣ ба модару кӯдак

Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳдошти вазъи таваллудхона, сабук гардонидани кори табибону момодояҳо ва муҳайё гардонидани шароити мусоид ба модарони ҷавон ва тифлакон дар бахшҳои зоишгоҳ, эҳё, ҷарроҳӣ ва бачагонаи таваллудхона 63 номгӯи таҷҳизоти замонавиро ворид сохт. Ин лавозимотҳо истеҳсоли мамлакати Олмон буда, аз ҷониби Бонки Саудии Рушд маблағгузорӣ гардид.

Пеш аз таҷҳизонидани лавозимотҳои тиббӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва МИҲД-и  шаҳри Хуҷанд бинои якуми таваллудхона аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Корҳои таъмиру тармим аз ҷониби бинокорони Идораи сохтмони вилояти Суғд  анҷом дода шуд.

Тани сиҳат - тоҷи давлат: Fамхорӣ ба модару кӯдакДирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, муовини аввали вазири нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова, сардори Раёсати нигаҳдории тандурустии вилояти Суғд Собирҷон Собиров аз бахшҳои ин муассиса дидан намуда, ба корҳои анҷомдодаи сохтмончиён ва васлгарони таҷҳизотҳои тиббӣ баҳои баланд доданд ва изҳори умед карданд, ки минбаъд кӯдакони солим ба дунё омада, хавфи фавти модару кӯдак бартараф мешавад.

Феълан дар ин даргоҳи офият 140 нафар кормандони муассиса ба мардум хизмати софдилона намуда, баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми босазо мегузоранд.