(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Наврӯзи навбаҳорон, бар гулрухон муборак!Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бахшида ба чашни фархундаи аҷдодиамон - Наврӯзи Аҷам чорабиниҳои идона баргузор гашта истодаанд. Чунин чорабиниҳои фархунда дар муассисаи таҳсилоти томактабии №20 бо иштироки падару модарон хеле хотирмону дилнишин баргузор гардид. Кӯдакон бо рақсу суруд ва қироати шеърҳо хотири иштирокчиёну меҳмононро болида гардонданд. Ҳамчунин дар МТМУ №7 чорабинии идона таҳти унвони «Наврӯзи навбаҳорон бар гулрухон муборак!» ва дар мактаби №11 таҳти унвони «Эй дӯстони ҷонӣ, Наврӯзатон муборак!» баргузор гардид, ки шогирдон бо тайёрии ҳаматарафа ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро таҷлил намуда, бо қироати шеъру суруд ва саҳнаҳои адабию фарҳангӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонданд. Тантанаҳои наврӯзӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр идома доранд.