(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маҳфили «Омӯзгорони ҷавон» аз фанни биологияДар МТМУ №6 маҳфили «Омӯзгорони ҷавон» аз фанни биология баргузор гардид. Дар маҳфил 11 нафар омӯзгорони ҷавону боистеъдоди муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд: Райҳона Ризоева, Нозия Холиқова, Заррина Ҳакимова, Дилафрӯз Зарипова, Гулнора Абдувоҳидова, Фирӯза Холбоева, Заррина Щаниева, Шаҳноза Мақсудова, Саидҷаъфар Хоҷаев, Таҳмина Насруллоева, Мавҷуда Мамадҷонова корҳои эҷодии худро аз фаъолияти таълимиашон дар дарсҳои биология ба намоиш гузоштанд. Омӯзгорони ҷавон варақаҳои санҷишӣ, реферату буклетҳо, ва аёниятҳои замонавӣ тартиб дода, ҳар яке дар сатҳи баланд ҳисоботҳои эҷодии худро ҳимоя намуданд. Дар ин чорабинӣ омӯзгорони собиқадори шаҳр  Муҳаррам Амонова ва Роҳат Солиева иштирок карда, ба фаъолияти омӯзгорони ҷавони фанни биология баҳои баланд дода, аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки дар мактабҳои шаҳр чуни номӯзгорони болаёқат ба таълиму тарбияи насли наврас машщуланд.