(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маликаи наврӯз муайян шудДар доираи таҷлили ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз бо ибтикори кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи вилоят дар толори варзиши МТМУ№19-и шаҳри Хуҷанд озмуни «Маликаи наврӯзӣ» ва озмуни варзишии миллӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят баргузор гардид.
Чорабиниро раиси федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Тоҳир Ғафурӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Мусобек Мироватов, раиси иттифоқи касабаи коркунони соҳаи маорифи вилоят низ дар баромади хеш аз суннатҳои ин ҷашни миллӣ ёдовар шуда, афзуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон ин ҷашни миллӣ дубора бо шукуҳу шаҳомати тоза ҷашн гирифта мешавад.
Сипас ба чанде аз кормандони фаъоли соҳаи маорифи вилоят дар вазъияти тантанавӣ бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронда шуданд. Аз ҷумла, Раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи маорифи шаҳри Хуҷанд Ғафурҷон Дадобоев низ бо туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Дар озмуни «Маликаи наврӯзӣ» чор гулдухтарон аз ДДХ, ДДҲБСТ, ДПДТТ ва коллеҷи омӯзгорӣ аз рӯи шартҳои ифоданок хондани шеър ё тарона, ороиши дастурхон, газетаи деворӣ, намоиши либосҳои миллӣ вориди рақобат шуданд.
Дар даври дуюм ҷавонписарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии болозикр бо ҳам аз рӯи намудҳои бозиҳои миллӣ - сангбардорӣ, гӯштингирӣ ва арғамчинкашӣ мусобиқа намуданд.
Дар ҷамъбаст ғолибият насиби донишҷӯёни ДДХ гардид. Зинаҳои баъдиро донишҷӯёни ДДҲБСТ, ДПДТТ ва коллеҷи омӯзгорӣ соҳиб гардиданд.
Ба ғолибон Ҷом ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.