(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Озмуни вилоятии бозиҳои миллӣ ҷамъбаст гардид.Бо мақсади эҳё намудани бозиҳои миллии ниёгон, муайян намудани бозингари беҳтарин бахшида ба таҷлили иди байналмилалии Наврӯзи Аҷам, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани Соли 2017- Соли ҷавонон дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни вилоятии бозиҳои миллӣ баргузор гардид. Озмун аз рӯи ҳашт шарт: ланка, чиллак, ошуқ, бодбарак, арғамчинбозӣ, ҳаппак, лакпар ва лалак гузаронида шуд. Озмуни вилоятии бозиҳои миллӣ ҷамъбаст гардид.Дар ҷамъбасти озмун ҳайати ҳакамон беҳтаринҳоро муайян карданд. Аз ҷумла, дар бахши ошуқбозӣ М. Ҳасанов хонандаи синфи 8, гимназияи №4, бахши лалак А. Абдусамадов хонандаи синфи 7, МТМУ №5, И. Абдураҳмонов хонандаи синфи 6, М/Х Пулотов, дар бахши ланка Н. Собиров хонандаи синфи 9, МТМУ №2, бахши ҳаппак Н. Сафарзода хонандаи синфи 9, МТМУ №9, бахши лакпар Г. Азимова хонандаи синфи 8, гимназияи №24 ба мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гаштанд.
Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом ва сипосномаҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд тақдим карда шуд.