(2 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Иди матбуот дар шаҳри Хуҷанд таҷлил гардидҲамасола 11-уми март дар кишвар Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Имсол таҷлили Иди матбуоти тоҷик ба оғози фаъолияти телевизиони нави маҳаллӣ бо номи “7 ситора” рост омад. Ба ин муносибат дар бинои телевизиони навтаъсис бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва хабарнигорону кормандони расонаҳои хабарӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр зимни суханронии худ аз нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - “Бухорои шариф”, ки 105 сол муқаддам таъсис ёфта буд, ёдовар гардид. Инчунин қайд намуд, ки маҳз бо шарофати дастгирию сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти ВАО фазои озоду заминаи рушдкунанда фароҳам оварда шудааст. Раиси шаҳр қайд намуд, ки барои рушду такомули рӯзноманигорӣ ва дастгирии рӯзноманигорон ҳамасола озмуни вилоятии беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони “Хомаи созанда” бо ибтикори Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ баргузор мешавад ва беҳтаринҳо дар маросими ҷамъбаси озмун бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз аз дастовардҳо ва созандакориҳои рӯзноманигорон ёдовар гардида, дар баробари ин вуҷуд доштани баъзе камбудиҳоро дар фаъолияти журналистон изҳор дошт. Дар ин замина, рӯзноманигорони пуртаҷрибаро даъват бар он намуд, ки барои беҳтар намудани кори рӯзноманигорӣ мутахассисони ҷавонро тарбия ва дастгирӣ намоянд то дар оянда ворисони арзандаву созанда ва идомабахши фаъолияти пурсамар ва пурмасъулияти онҳо бошанд.
Ҳамчунин дар ҷамъомади мазкур Директори телевизиони навтаъсиси “Ҳафт ситора” Маҳмудҷон Абдуллоев суханронӣ намуд ва изҳор дошт, ки телевизиони  навтаъсиси “Ҳафт ситора” 20 нафарро бо ҷои корӣ таъмин намудаст, ки аксарияти ононро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин иқдом як армуғони хубе бахшида ба Соли ҷавонон маҳсуб меёбад.
Дар интиҳо Раиси шаҳри Хуҷанд тамоми рӯзноманигоронро бо иди касбиашон табрик намуда онҳоро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.