(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Аёдати собиқадорони соҳаи матбуот.Ба муносибати 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода Файз аёдати собиқадорони соҳаи матбуот, ки сокинони шаҳранд, ба ҷо оварда шуд.
Гурӯҳи аёдатиро муовини Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода сарварӣ кард. Онҳо нахуст ба аёдати собиқадори меҳнат Рӯзинисо Абдуваҳҳобова омаданд, ки ин пиразани 75 сола деш аз 40 соли умри худро сарфи куори матбуоти вилоят кардааст. Таи ин солҳо дар идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ба сифати ҳисобчии мактубҳо заҳмат кашидааст.
Дигар аз союбиқадори матбутои тоҷик, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи журналистони Ҷумҳурӣ ба номи А.Лоҳутӣ Файзуллохоҷа Атохоҷаев бошад, аз ташрифи меҳмонон шоду мамнун гардида, барои фаромӯш накардани меҳнати хоксоронаи эшон арзи сипос мекард. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро дар матбуот ҳанӯз солҳои 60-уми қарни гузашта оѓоз карда, аз мусаҳҳеҳи рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ» (имрӯза ҳафтаномаи «Хуҷанд» оѓоз  то ба дараҷаи сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ва котиби матбуоти Раиси вилояти Суѓд беш аз 45 сол заҳмат кашидааст.
Собиқадори радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, Аълочии телевизион ва радиои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Мирзоѓанӣ Валиев бошад, барои наздик 50 сол заҳмат кашиданаш дар соҳаи матбуот ҳамзмон аз нависандагони забардасти вилоят маҳсуб мешавад. Ин қаламкаши рӯзгордида бо шукрона аз умри сипарикарда ва сипосгузор аз дастгириҳои Ҳукумати давлат ҳанӯз ҳам монда нашуда дар тарбияи журналистони ҷавон саҳмгузор мешавад.
Дорандаи ордени «Дӯстӣ», Аълоии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори матбуоти тоҷик Владимир Михайлович Тарасови 75 сола  бошад, зимни сӯҳбат бо аёдаткунандагон аз рӯзгори сипарикардааш дар ҷодаи журналистика, замони фаъолияташ дар рӯзномаи вилоятии «Ленинабадская правда», ки дар ин даргоҳ аз мухбири қаторӣ то ба дараҷаи сармуҳаррирӣ сабзидааст, нақлҳои ҷолиб кард.
Аз собиқадорони соҳаи матбаа бошад, насли калонсоли замони шӯравӣ ангуштшумор мондаанд. Тоҷибой Фозилов аз зумраи охирон саҳифабанди рӯзномаҳои вилоятӣ бо усули чопи қӯрѓошимӣ аст, ки имрӯз синни муборакаш ба домани 70 мерасад. ӯ беш аз 45 сол дар ин соҳа заҳмат кашида имрӯз давлати пирӣ меронад. Меҳнати шоистааш дар омодаи чоп намудани рӯзномаҳо бо нишонҳои сарисинагии Аълочии матбуоти Ҷумҳурӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурӣ, даҳҳо Ифтихорномаву мукофотҳои моддӣ қадршиносӣ шудаанд. ӯ низ барои чунин қадршиносии баланд аз ҷониби МИҲД шаҳр арзи сипос намуда дуои онро мекард, ки новобаста аз гузашти айём матбуоти тоҷик ривоҷу равнақ ёбад.