(2 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Таҷлили иди модар дар ХуҷандАсосгузори сулҳу ваҳдат , Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақому манзалати зан-модар мегӯянд: ”Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад”. Бале арҷгузорӣ ба заҳмати модар ва зан аз вазифаи муққдас маҳсуб мешавад. Бо назардошти бузургдошти зан-модар бо ташаббуси Мақомот ииҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар толори театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи модар таҷлил гардид. Дар ибтидо намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умарзода Роҳат табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ҳозирон қироат намуд. Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода занону бонувонро бо фарорасии Рӯзи модар муборакбод намуда, зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  занону духтарон дар тамоми самтҳои афзалиятноки кишвар соҳиби мақоми хоса ва фаъолияти бобарор ҳастанд. Раиси шаҳр тазаккур дод, ки басо рамзист, ки соли равон соли ҷавонон аст ва ҷавондухтарон чун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар руҳду нумуи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳсми босазо мегузоранд. Мо имрӯз – идома бахшид  Шарифзода Шариф Файз - тамоми имкониятро фароҳам меоварем то занону ҷавондухтарон дар ҷомеа мақоми хосаро соҳиб бошанд.
Сипас барномаи фарҳанги бахшида ба Рӯзи модар  бо суруду оҳангҳои дилнавози сарояндагони шинохта чун Анвар Ахмедов, Дилноза Каримова, Ҳасани Камол, Олимҷон Маҳмудов ва дигарон ба ҷамъомад шукӯҳи тоза ато кард.