(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Аксияи ҷавонони Хуҷанд,- «Салом Модар, ман туро дӯст медорам»

Имрӯз тибқи нақшаи чорабинии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бахшида ба эълон гардидани Соли 2017 «Соли ҷавонон» ва Рӯзи Модар, Аксияи тарбиявӣ таҳти унвони «Салом Модар, ман туро дӯст медорам» дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Аксияи мазкур дар ҷойҳои аҳолинишини шаҳр баргузор гардида, аз ҷониби гурӯҳи ихтиёриёни  назди Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, гирандагони стипендияи Президентӣ, Раиси шаҳр гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузориии Аксия ин беҳдошти тарбияи маънавию эстетикии ҷавонон, эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба зан, тарбияи маънавии ҷавонон, ҳурмату эҳтиром нисбати модар ва волидайни худ ва нисбати Ватан мебошад.