(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Вохӯрии судманди толибилмон бо занони барӯманди вилоятДар гимназияи №4 бахшида ба Рӯзи гиромидошти Модар вохӯрии судманди толибилмон бо занони барӯманди вилоят баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, ходимони ҳизбию давлатӣ Биҳоҷал Раҳимова, Шуҷоат Ҳасанова, Ҳамрохон Атаева, собиқадори маориф Наима Муъминова ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Толибилмони гимназия барномаи рангини адабию фарҳангии хешро, ки аз сурудҳои дилнишин, рақсҳои мавзун, қироати ашъори бузургон васфи Ватан-Модар иборат буд, пешкаши ҳозирин намуданд. Саҳнаи адабии толибилмони гимназия хеле таъсирбахш буд ва ба ҳунару истеъдоди онҳо иштирокчиён баҳои баланд доданд.
Меҳмонони чорабинӣ зимни суханронӣ арзу сипоси хешро ба маъмурияти гимназия барои баргузории чунин як чорабинӣ бахщида ба Рӯзи Модар баён доштанд. Директори гимназияи №4 Зулфия Ашурова ташрифи меҳмонони арҷмандро хайрамақдам гуфта, онҳоро ба ощози фасли баҳор, Иди Модарон ва Наврӯзи фархундапай табрику таҳният гуфт.