(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлил: СУЛҲИ  ПОЙДОР  АЗ  ВАҲДАТ  АСТШоми рӯзи чаҳоршанбе, 26-уми июни соли равон дар даромадгоҳи Боғи фарҳангу фароғати ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят, тантанаи бошукӯҳи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, солгарди 16-умини ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баргузор гардид. Дар он фаъолон аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуда, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ байни  сокинони тамоми манотиқи кишвари маҳбуби Тоҷикистон, ин санаи саиду фархундаро таҷлил намуданд.

Сароғоз ба саҳнаи идонаоросташуда Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода баромада, ҷамъомадагонро бо 16-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт.

Дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон, зикр намуд Раиси вилоят 27 июни соли 1997 чун рўзи сабақи сулҳ Таҷлил: СУЛҲИ  ПОЙДОР  АЗ  ВАҲДАТ  АСТва баҳамоии ормонҳои миллӣ номнавис шудааст, ки барои наслҳои имрўз ва мибаъда ҳамчун чароғи ҳидоят ва дарси рўзгор хидмат хохад ард. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ воқеан бо хатти зарин сабт шудааст, ки зеро аз хамон рўзи сулҳовару деринтизор эътиқод ба пойдорию рушди давлат, худшиносию сарҷамъии намояндагони халқу миллатҳои гуногуни маскуни Тоҷикистон ибтидо гирифт.

Ин подоши абадиятро таърих ба тоҷикон ройгон надода, балки он натиҷаи таҳаммул, сабр, муҳаббат ба инсон, футуввату ҷавонмардӣ, тавфиқ ва талошҳои пайвастаи миллати мо бо Сарварию раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири ҳастии башарият маҳсуб мегардад.

Раиси вилоят дар идомаи сухан гуфт, боиси ифтихор аст, ки имрўз мардуми вилоят бо эҳсоси ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ созандагиву бунёдкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор дода, комёбиву дастовардҳоро бо пойдорӣ ва мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста медонанд.

Сафари тозаанҷоми Сарвари давлат ба вилоят дар арафаи ин иди муқаддас барои халқ мазмуну мўҳтавои нав пайдо намуда, ба ифтитоҳи чанд иншооти азими иҷтимоиву маишӣ асос гузошт ва бори дигар собит намуд, ки бо вуҷуди иҷрои корҳои назарраси иқтисодию фарҳангӣ дар назди мо вазифаҳои муҳим дар Таҷлил: СУЛҲИ  ПОЙДОР  АЗ  ВАҲДАТ  АСТроҳи расидан ба олитарин ормонҳои миллии давлатдорӣ мавҷуданд. Мо бояд бо дарку масъулияти баланд, имони комил ба муқаддасии ҳастии Ватан якҷоя камар баста, диёрамонро боз ҳам обод ва сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.

Дар фарҷоми сухан Раиси вилоят, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода бори дигар фарорасии Иди Ваҳдати миллиро ба кулли сокинони вилоят табрик гуфта, барояшон пойдории садоқат, ободию фаровонӣ ва хушрўзию саломатӣ таманно намуд.

Сипас барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар, устодони санъат ва ҷавонони соҳибҳунару соҳибистеъдод манзури тамошобинони сершумор карда шуд, ки тараннумгари сулҳу дӯстӣ ва ободиву оромӣ дар кишвари азизи Тоҷикистон буд.