(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ: БАҲРИ ОБОДИИ ДИЁРИмрӯзҳо сокинон иқдоми наҷиби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро дар бораи 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кори худ намуда, ҳар ҳафта шанбегӣ мегузаронанд.

Шанбеи гузашта устодон ва донишҷӯёни факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров, ки шумораи онҳо ва 450 нафар мебошанд бо роҳбарии декани факулта, дотсент М.Абдуллоева дар маҳаллаи 3-юм, ки дар он ҷо коргоҳи Сирандуд ва Техникуми муштараки навбунёд воқеъ аст, гирду атрофи онро аз партов тоза намуданд. Инчунин таги дарахтону буттаҳо, гулу сабзаҳоро нарм намуда, майдончаҳоро аз алафҳои бегона тоза ва танаҳои дарахтонро сафед карданд. Дар ин кори ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи ноибдекани факултети забонҳои хориҷӣ Ш.Турсунова низ калон мебошад.

Инчунин, дар шанбегӣ кормандони Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд бо роҳбарии сарвар Рустамҷон Усмонов, мудирони утоқи технология Муҳаммадҷон Муйдинов, Мавлудахон Рӯзиева иштироки фаъол доштанд.