(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Об -муқаддасоти олам ҳастӣКонфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 таҳти унвони “Об -муқаддасоти олам ҳастӣ” бо роҳбарии омӯзгори фанни география Зиёбоева Сурайёхон ва омӯзгори фанни технология ва санъати тасвирӣ Абдуқаюмова Тӯҳфахон дар МТМУ №6 баргузор гардид.
Дар ощози конфронс аз тарафи барандагон таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 22-юми декабри соли 2016 Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд ва дар он тамоми паҳлуҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт. Махсусуан дар ин Паём хушхабаре садо дод, ки ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “ Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷониби 177 давлати ҷаҳон пазируфта шудааст, ки мо хонандагонро хеле рӯҳбаланд намуд. Сипас хонандагон дар бораи тозагии муҳити атроф, дарёи Сир, пиряхҳои Тоҷикистон маълумот дода, гуфторҳои бузургонро дар бораи об ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ баён доштанд. Саҳнача дар иҷрои хонандагон бо номи «Оҳи дарё» бо маҳорати баланд иҷро карда шуд. Рақсу сурудҳои дилнишин хотири иштирокчиёни конфронсро болида гардонд. Дар охир дар иҷрои хонандагон суруди “Шукри обат” садо дод ва конфронси илмию адабӣ анҷом ёфт.