(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мусобиқаи волейбол байни духтарон идома дорадТибқи иҷрои нақша-чорбиниҳои шуъбаи маориф бахшида ба Соли ҷавонон ва таҷлили Рӯзи модарон - 8 март дар толори варзишии  МТМУ 23 мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни духтарони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд идома дорад. Ҳадаф аз баргузории мусобиқа рушди варзиш ва равнақ бахшидани бозии волейбол дар байни толибилмон маҳсуб мешавад. Дар мусобиқаи волейболбозони муассисаҳои таълимии шаҳр 22 дастаи писарбачаҳо ва 12 дастаи духтарон байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд. Беҳтарин дастаи волейболбозони мактабҳои шаҳри Хуҷанд дар Рӯзи ҷавонон муайян гашта, ба щолибон Ҷом, туҳфаҳои хотиравӣ ва сипсономаҳо тақдим карда мешавад.