(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Беҳтарин дастаи чавгонбоздухтарон муайян гардид.Давоми рӯзҳои истироҳатӣ, шанбе ва якшнбе дар варзишгоҳи чавгонбозии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳрии чавгонбозӣ байни бонувон бахшида ба Рӯзи Модар ва соли 2017 «Соли ҷавонон» баргузор гардид.
Тавре масъулин иброз медоранд чорабинии мазкур дар асоси фармоиши мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Дар мусобиқа се даста аз ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Хуҷанд бо иштироки 70 нафар бонувон доир гашта, ду ҷойи авали ифтихориро дастаи чавгонбоздухтарони ноҳияи Мастчоҳ ишғол намуданд. Ҷойи сеюмро дастаи бонувони варзишгари шаҳри Хуҷанд сазовор гаштанд. Ба ғолибони мусобиқа аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд медал диплом, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.