(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Уфуқҳои  маорифАттестатсияи давлатиро бо муваффақият супоридандДар МТМУ №17-ум ба номи Ҳаким Карим, ки ба он зани кордону ҳалим, собиқадори соҳаи маориф, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Инобатхон Маҳмудова сарварӣ менамояд, соли хониши 2012-2013 бо муваффақият ҷамъбаст гардид.

Баъди ба охир расидани соли хониш барои аз синф ба синфгузаронӣ хонандагон имтиҳонҳо супориданд.

Хатмкунандагони синфҳои 4, 9 ва 11 аз аттестатсияҳои дав-латӣ гузаштанд.

Дирӯз хатмкунандагони синфи 11-ум аз фанни алгебра ба намуди «тест» имтиҳон супориданд, ки онро яке аз муаллимаи ботаҷрибаи мактаб Волидахон Ҳусейнова қабул кард.

Хатмкунандагон Манижа Маҳмудова, Мирҷалол Туганов, Умарҷон Абулбоқиев, Мубинҷон Ӯлмасов, Наимахон Ҷарқинзода ва чанде дигарон вазифаҳои худро иҷро карда, онро ба аъзои комиссия супориданд.

Ба ин муваффақият ҳиссаи омӯзгори фанни алгебра Муқаддасхон Ӯрунова низ калон мебошад, ки ба онҳо дарс додааст.

Соли равон мактабро 53 нафар хонандагони синфи 4-ум, 49 нафар талабагони синфи 9-ум ва 48 нафар хонандагони синфи 11-ум хатм намуданд.