(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Машқи варзишии пагоҳӣ,- гарави саломатӣРӯзи шанбеи сипаригашта бо маысади татбиыи тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеи омма ба варзиш ҳамчунин мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида дар дар назди Муассисаи давлатии «Қасри ҷавонон»-и ба номи Лоиқ Шералӣ машқи пагоҳирӯзӣ барузор гардид.
Дар машқи пагоҳирӯзӣ зиёда аз 100 нафар варзишгарони Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва хоҳишмандону дӯстдорони варзиш иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки давоми ду соли охир Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар интиҳои ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат дар мавзеҳои серодами маркази вилоят бо кӯмаки мураббиёни мактабҳои варзишии шаҳр барои варзишгарон ва ҷалби оммаи дӯстдорони тарзи ҳаёти солим машқи пагоҳирӯзӣ доир мегардад.