(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» баргузор гардид.Тибқи нақшаи чорабинии якчояи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шӯъбаи маориф, қомиссари ҳарбӣ ва Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсиалистии шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр багузор гардид.
Дар ин мусобиқа 12 даста аз рӯи намудҳои ҳаракатҳои сафӣ ва иҷро кардани амалиётҳои сафгардии  даставӣ,давидан ба масофаи 100 метр, ҳаво додани норинҷак ба масофа, кашидани вазн, вазнбардорӣ (16кг), ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои яроқи навъи АК,тирҷойкунӣ ба тирдон,тирпарронӣ аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр,  омодагии ҳарбию варзишии худро намоиш доданд. Дар натиҷа ҷои якумро дастаи Гимназияи №4, ҷои дуюмро дастаи МТҒ «Ирфон» ва ҷои сеюмро дастаи МТМУ №22 сазовор гардиданд.
Ба ғолибони мусобиқа бо Ифтихорнома, Диплом, Ҷом, тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин аз тарафи Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсиалисти шаҳри Хуҷанд ба ғолибон  Ҷоми сайёр супорида шуд.