(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрики Раиси шаҳри Хуҷанд ба  ифтихори 16-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣРӯзи Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми сарзамини тоҷик дар радифи иди Истиқлолият аз санаҳои таърихию сарнавиштсоз ва пуршукӯҳу фархунда маҳсуб мешавад, зеро ба имзо расидани созишномаи сулҳ - сулҳи абадиро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд.

Роҳи расидан ба ин рӯзи неку муборак басо душвор буд. Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта хатари нобуд шудани генофонди миллати тоҷик, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва хатари тақсим шудани сарзамини муқаддас пеш омада буд.

27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо иштироки намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои байналхалқӣ ба имзо расид.

Ин рисолати сулҳу ваҳдатэҷодии тоҷикон аҳли оламро ба ҳайрат овард. Ин аст, ки таҷрибаи нодири сулҳофарии тоҷиконро бузургтарин институтҳои ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор доданд. Мардуми нексиришти мо санаи тавлиди ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсозро ҳамчун сарчашмаи якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию рафоқат мепазиранд.

Самараи Ваҳдат аст, ки шаҳри Хуҷанд дар муддати 16 соли Ваҳдати миллӣ ободу зебо гардида, иншоотҳои азим ба монанди - Нишони давлатӣ дар соҳили дарёи Сир, осорхонаи таърихию кишваршиносӣ, қомат афрохтани пайкараи асосгузори давлати бузурги тоҷикон - Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо силсилафаввораҳо, ҳавзи шиновариву майдончаи яхмолакбозӣ, варзишгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», Кохи матбуот, Қасри варзиш, корхонаҳои муштарак ва хурду миёна, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва амсоли инҳо сохта, ба истифода дода шуданд.

Ҳамзамон, ташрифи Президенти кишвар ба вилояти Суғд ва мулоқоташон бо намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла, иштирок дар ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ, иншоотҳои варзишию маишӣ дар арафаи таҷлили тантанаи сулҳу ваҳдат ба мардуми сарбаланди шаҳри Хуҷанд илҳоми тоза бахшид.

Ҳамдиёрони азиз.

Бори дигар Шуморо бо 16-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, ба хонадонатон ободиву осоиш, ваҳдати ҷовидона ва саодату сарбаландиро хоҳонам.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муборак!

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов