(2 голоса, среднее 3.50 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо соҳибкорони муваффақ.Дар тарабхонаи «Ҷавонӣ» Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо соҳибкорони муваффақи маркази вилоят мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар он бештар наздик 150 нафар соҳибкорон, роҳбарони корхонаю ташкилот ва ширкатҳои истеҳсолию молӣ иштирок намуданд.
Сараввал Раиси шаҳр зикр намуд, ки ки дар партави нишондоди Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки дар самти пешрафти ин соҳа дар шаҳри Хуҷанд корҳои назаррасро ба анҷом расонад.
Зимни баромади хеш Шариф Шарифзода ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пурзӯр намудани иқтидори содиротии кишвар, васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои саноатии мавҷуд буда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои муосир ва ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми маҳаллӣ таъкид намуд. Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо соҳибкорони муваффақ. Инчунин Раиси шаҳр аз фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли 2016 сухан намуда, қайд намуд, ки назар ба соли 2015 маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда 111 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст, ки ҳаҷми он ба 722 миллион сомонӣ расидааст, ки аз ин миқдор ба маблағи 142 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст. Раиси шаҳр зикр намуд, ки ҳиссаи соҳибкорон дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ташаккули буҷети умумии шаҳр зиёда аз 85 фоизро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Хуҷанд шумораи умумии корхонаҳои калону миёнаи саноатӣ ба 160 адад расидааст, ки давоми соли 2016, 17 адад корхонаҳои хурду  миёна таъсис додашудааст, нар натиҷа сокинони зиёди шаҳр соҳиби ҷои корӣ гардидаанд, зикр намуд Шарифзода Шариф Файз.
Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарону намояндагони 12 корхонаю ширкатҳои  шаҳр,ки дар соли сипаригашта ба дастоварду натиҷаҳои аз ҳама бештар ноил гаштанд Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Дар вохӯрӣ президенти яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон Каррера Эмелио Кателло ширкат ва суханронӣ намуд. Ӯ аз шароити мусоиде, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди саноат ва соҳибкорӣ муҳайё намудааст сухан карда, зикр намуд, ки мардуми тоҷик набояд аз ба саноат ва соҳибкорӣ пайвастан ҳаросанд, зеро давлату ҳукумат пушту паноҳи онҳост. Меҳмон гуфт, ки ҳангоми бо Пешвои миллати тоҷик, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вохӯрдан , аз сӯҳбат бо ӯ дарк намуд, ки Президенти кишвар дар пешрафти ҳамаи соҳаи ҳаёти кишвар андешаи фарох ва нақшаҳои наҷиб дорад. Муҳимтараз ҳам - идома дод вай- Президенти Тоҷикистон соҳибкорони ватанӣ аз ҷумла саноатчиёнро ҳаматарафа дастгирӣ мекунад.
Инчунин дар ин вохӯрӣ роҳбарони корхонаҳои давлативу хусусӣ соҳибкорон баромад намуда, арзи сипоси худро барои дастгирии роҳбарияти ҳукумати ҷумҳур, вилояту шаҳр баён намуданд.