(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дастаи шаҳри Хуҷанд соҳиби мақоми аввал гардид.Тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳои варзишии солимгардонии шаҳри Хуҷанд барои соли 2017 санаҳои 18-19 феврали соли 2017 дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хучанд Чемпионати кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ WKF байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон бахшида ба Соли 2017 – «Соли ҷавонон» ва Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинии варзишӣ аз шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Истиқлол, Б.Ғафуров, Зафоробод, Ч.Расулов Масчоҳ ширкат намуданд. Теъдоди умумии варзишгарон 328 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 44 нафарашонро бонувон ташкил медихад. Дастаи шаҳри Хуҷанд соҳиби мақоми аввал гардид. Дар натиҷаҳои даставӣ дастаи варзишгарони шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи аввал гашта, ҷои дуюмро варзишгарони дастаи шаҳри Гулистон ишғол намуданд. Дар ҷойи сеюм бошад варзишгарони ноҳияи Зафаробод сазовор гардид. Ба ғолибони мусобиқа аз тарафи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бо ифтихорнома ва медал қадрдонӣ шуданд.