(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Чемпионати шаҳри Хуҷанд оид ба намуди бокс байни ҷавонон ва калонсолон.Тибқи иҷрои нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2017, санаҳои 8-10 феврали соли равон Чемпионати шаҳри Хуҷанд оид ба намуди бокс байни ҷавонон ва калонсолон бахшида ба соли ҷавонон  ва  Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чемпионати мазкур тарғиби варзиши намуди бокс, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва интихоби варзишгарони беҳтарин ба дастаи яккачини шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ мебошад.
Чемпионат мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи АИБА дар вазнҳои 49кг, 52кг, 56кг, 60кг, 64кг, 69кг, 75кг, 81кг, 91кг, 91+ бо формулаи 3 навбат 3 дақиқагӣ гузаронида шуда дар он 45 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Ба ғолибони мусобиқа ифтихорнома ва медалҳо аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд супорида шуд.