(0 овоз, миёна 0 аз 5)

300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ: Идомаи мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳри ХуҷандРаиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба корҳои азнавсозии роҳи маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшид.

Раиси вилоят дар оғоз сокинони шаҳри Хуҷандро бахшида ба иди Ваҳдати миллӣ табрик гуфт ва аз вусъати корҳои созан-дагӣ дар қаламрави вилоят изҳори хушнудӣ намуд.

Зикр гардид, ки  дар ду-се соли охир роҳҳои марказии шаҳр-ҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ мумфарш карда шудаанд ва дар ин мавсим кӯчаҳои асосии марказҳои ноҳияҳои Ашту Ғончӣ низ мумфарш гардиданд. Қоҳир Расулзода ҳамзамон қайд кард, ки барои азнавсозии роҳи маҳаллаи Себзор аз буҷети вилоят 5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ: Идомаи мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳри ХуҷандБояд гуфт, ки чанде қабл қариб 10 километр роҳи дохили шаҳри Хуҷанд, ки аз микроноҳияи 3 то 19 ва 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ: Идомаи мумфаршкунии кӯчаҳои шаҳри Хуҷандмикроноҳияи 28-ро фаро мегирад, мумфарш карда шуд. Корҳои мумфаршкунии роҳҳо аз назди Бонки Эсхатаи маҳаллаи Гулистон то маркази деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ рӯзҳои наздик оғоз хоҳад ёфт. Ин роҳ беш аз 6 километр дарозӣ дошта, он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мумфарш карда мешавад.