(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шариф Шарифзода: Ҳифзи марзу бум вазифаи қонунии мост!Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машварати Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони комиссариати ҳарбӣ, сардорони мизи ҳарбӣ, аъзои комиссияи даъват ба ҳарбӣ, роҳбарони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид. Дар машварат натиҷаҳои ҷамъбасти даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1989-1998 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ шуд ва вобаста ба ин мавзӯъ муовини аввали Раиси шаҳр, раиси комиссияи даъват-Хайрулло Ғайбуллозода маърӯза кард. Мавсуф оид ба чорабиниҳои муташаккилона роҳандозӣ гаштани даъвати тирамоҳии соли 2016 изҳори назар намуд. Ӯ гуфт, ки ҳанӯз аз санаи 2 август омӯзиши даъватшудагон ва тақсимоти даъватномаҳо дар кумитаи маҳаллаҳо бо вобастакунии шахсони масъул гузаронида шуд. Ҳамчунин, аз тарафи корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хуҷанд рӯйхати даъватшудагони синни даъватӣ, ки дар қайди ин муассисаҳо меистанд ва ё кору фаъолият мебаранд, талаб гардид. Аз раисони кумитаи маҳаллаҳо ҳам рӯйхати умумии ҷавонони синни даъватӣ ва рӯйхати даъватшавандагоне, ки волидайни онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, талаб карда шуд. То санаи 25 сентябри соли 2016 ба даъватшудагони дар қайди кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳрбуда аз тарафи кормандони комиссариати ҳарбӣ ва намояндагони маҳаллаҳо даъватномаҳо супорида шудаанд. Санаи 3 октябри соли 2016-ум 30 нафар даъватшаванда бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ сафарбар гардид.
Рӯйхати 53 нафар даъватшавандаро, ки бо даъватномаҳо ба комиссияи даъватӣ бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудаанд, барои кофтуков ва дастрас намудан ба комиссияи даъватӣ ба шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фиристоданд, аз онҳо 32 нафар ба комиссияи даъватӣ дастрас намуда, аз ин миқдор 27 нафарашон ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд. Рӯйхати фарзандони шахсони мансабдори давлатие, ки 12 нафарро ташкил медиҳанд, 4 нафарашон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шудаанд. Нисбати даъватшудагоне, ки аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, ба прокуратураи маҳаллӣ дар давраи даъвати тирамоҳии соли 2016 равона карда шудааст. То санаи 17 ноябри соли 2016 аз тарафи комиссияи даъватии шаҳри Хуҷанд 159 нафар даъватшуда номнавис шуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуд, ки ин 100 фоизи нақшаи даъватро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи таҳлилҳо маълум гардид, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз тарафи раисони маҳаллаҳои Сайҳун, Ваҳдат, Сирдарё ва 1-май аввалин шуда иҷро гардидааст.
Ҳамчунин, дар маҷлис аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ Эҳсон Ғанихоҷаев ҳисоботи фаъолияти комиссириати ҳарбӣ дода шуд. Зимни суханронӣ Эҳсон Ғанихоҷаев зикр намуд, ки аксарияти волидон фарзандони худро барои дифои марзу буми кишвар даъват гардидаанд, пинҳон намуда, бо ҳар роҳҳо набудани фарзандашонро баҳона мекунанд. Ӯ илова намуд, ки нисбати ин масъала фаъолияти комиссариати ҳарбиро ҷоннок намуда, дар соли 2017 кӯшиш менамоянд то ин гуна ҳолатҳо такрор нагарданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода қайд намуд, ки комиссариати ҳарбӣ, сардорони мизи ҳарбӣ, аъзои комиссияи даъват, роҳбарони макотиби олӣ, миёна ва миёнаи махсус, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр дар ҳамбастагӣ барои тарбияи ҳарбӣ –ватандӯстии шаҳрвандон фаъолияти худро равона созанд. Раиси шаҳр гуфт, ки ҷалби шаҳрвандон ба хидмат ба ватан ин вазифаи ҷонии ҳар яки мову шумост. Махсусан бурдани корҳои тарuиботӣ дар ин самт хеле ногузир аст.
Дар идомаи маҷлис аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд барои даъвати баҳоронаи соли 2017 вазифагузорӣ шуд.
Дар интиҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода нафароне, ки барои ҷалби шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ фаъолияти назаррас доштанд, бо сипоснома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонд.