(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Боздиди Раиси шаҳр аз се маркази саломатӣ.Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо  мақсади  шиносоӣ бо ҳолат имрӯзаи хизматрасонии тиббӣ, аз фаъолияти чанде аз марказҳои саломатӣ боздиди корӣ намуд. Ин боздид аз Маркази саломатии № 6 шурӯъ гардид.
Марказ барои хизматрасонии зиёда аз 12 ҳазор сокинони маҳаллаи «Бофанда»  ва атрофии он пешбинӣ гардидааст. Бино аз 5 ошёна ва 32 ҳуҷра  иборат буда, бо кӯмаки мақомоти маҳаллӣ қисман аз  таъмир бароварда шудааст. Айни замон боз барои таъмири ду ошёнаи дигар ниёз дорад. Бо мақсади беҳтар намудани сифати  кори лабараторияи ташхисӣ дар соли сипаригашта аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 78 ҳазор сомонӣ маблағ ҷуда гардид. Бо ин васила ин маркази саломатӣ имкон пайдо намуд  номгӯи ташхиси худро  ба 58 намуд  расонда  , барои  сифатан беҳтар намудани  фаъоляти ташхисгоҳ шароит  фароҳам  оварда шавад. Дар Маркази  саломатии № 3 Раиси шаҳр  доири сари  вақт   таъмин гардидани ин муассисаи тиббӣ  бо доруворӣ алалхусус бо  ваксинаҳои  эмкунӣ ва пешгирии бемориҳо таваҷҷӯҳ намуд. Аз ҷониби  масъулини соҳа ба Шариф Шарифзода  иттилоъ  дода шуд,ки  то имрӯз онҳо барои дастрас намудани доруворӣ  ва таъмини саривақтии  он душворӣ надоранд.
Маркази саломатии № 1 шаҳр бошад яке аз  муассисаҳои тиббии  кӯҳантарин  маҳсуб ёфта,  7  нафар духтурон  барои 29  ҳазору 445 нафар сокинони маҳаллаҳои  сераҳолии  маркази вилоят, маҳаллаҳои  ба номи  Қ. Қурбонов,   « Масҷиди савр», «Чорчароғ»  ва «Раззоқ»  хизмат мерасонад.
Раиси шаҳри Хуҷанд  ҳангоми сӯҳбат  бо ҳайати кормандону табибони ин марказ  таъкид  намуд, ки дар  асоси дастуру супоришҳои  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ  ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар  вазифаи аввалиндараҷаи  кормандони соҳаи тандурустӣ аст. Барои  иҷроши ин  пеш аз ҳама саю  кӯшиши  табибон  лозим аст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шаҳри Хуҷанд 6 марказҳои саломатӣ  фаъолият дорад, ки дар соли 2016 барои таъмини фаъолияти онҳо аз ҳисоби Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр бештар аз 4 миллион сомонӣ маблағ сарф гардида, дар соли зикргардида ба маблағи бештар аз як миллион сомонӣ  таҷҳизоти  мусири тиббӣ харидорӣ гаштааст.
Дар соли 2017 бошад маблағи барои ин соҳа пешбинӣ  гашта наздик  5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 40% он барои фаъолияти марказҳои саломатӣ  пешбинӣ  гаштааст.