(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мулоқоти хатмкунандагон бо ректорони муассисаҳои олии вилоятТибқи ҷадвали вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилояти Суғд мулоқотҳои судманд идома доранд. Аллакай чунин вохуриҳо дар толори қасри фарҳанги шаҳри Гулистон ва толори Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор гардиданд. Дирӯз дар қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти ректорони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Вохӯрии ректоронро бо хатмкунандагон муовини тозатаъини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, ҳадаф аз гузаронидани чунин мулоқотҳоро шарҳ ва ба манфиати ҷомеа унвон намуд. Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев доир ба фарогирии таҳсили ҷавонони шаҳри Хуҷандро дар муассисаҳои олии вилоят маълумот дод. Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ зимни муаррифии ин боргоҳи маърифат аз ҷумла афзуд, ки дар донишгоҳ 16 факултет ва 69 кафедра аз он 9 кафедраи умумидонишгоҳӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, Парки технологӣ, китобхонаи марказӣ фаъолият дорад. Ва аз рӯи 68 ихтисос дар шӯъбаи рӯзона ва аз он 22 ихтисос дар шӯъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ  мутхасисон тайёр карда мешаванд. Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 766 нафар, аз ҷумла доктори илм, профессор – 38 нафар, номзади илм, дотсент – 298 нафар, сармуаллим – 211 нафар, муаллим – 219 нафар мебошанд.
Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Олимӣ Рауф Латифзода дар ҳузури хатмкунандагон таъкид кард, ки донишкада тибқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи 17 номгӯи ихтисосҳо мутахассис тайёр менамояд. Дар донишкада 12 кафедра дар ҳайати се факулта фаъолият менамояд. Теъдоди профессорону омӯзгорон дар аввали соли таҳсили 2016-2017-ум 234 нафарро ташкил кард. Аз шумораи умумии устодону омӯзгорон 89 – нафарашон дараҷаи илмӣ (11 - доктор ва 78 – номзади илм) доранд. Раёсати Донишкада барои тайёр намудани кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ дошта, таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа медиҳад. Аз аввали соли 2016 то имрӯз аз тарафи устодони Донишкада 1 рисолаи докторӣ ва 5 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуд. Боз 3 нафар устодон муҳокимаи қаблии рисолаҳои худро гузашта (1 нафар рисолаи докторӣ ва 2 нафар рисолаи номзадӣ) барои ҳимоя иҷозат гирифтанд.
Зиёда аз 20 нафар олимону омӯзгорони ДИС ДДТТ дар гуруҳҳои таҳсил бо забони англисӣ машғулиятҳоро аз ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) бо забони англисӣ мегузаронанд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо дар гуруҳҳои таҳсил бо забони англисӣ устодон аз донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои хориҷии дур даъват шудаанд. Аз ҷумла, дар ин гуруҳҳо устодон  аз ИМА Теренс Дрю, Ванесса Беари, Ребека Виллер, Шерон Сатурнс ва Марсел Минутоло, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Сяоюй дарс медиҳанд. Гуруҳи коршиносони хориҷӣ – экспертҳои байналмилалӣ аз давлатҳои Фаронса, Испониё, Қазоқистон, Қирғизистон ба сатҳи тайёр намудани мутахассисон дар Донишкада баҳои баланд дода, ба аккредитатсияи байналмилалӣ омода будани донишкадаро эътироф намуданд.
Сипас, ректори ДДҲБСТ Ҷамшед Ҷӯразода, ректори ДКМ Мухтор Фозилзода ва устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Хуршед Улуғбеков оид ба  самтҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимии худ тариқи слайдҳо ва видероликҳо маълумот манзур намуданд.
Хатмкунадагони макотиби шаҳри Хуҷанд перомуни шароит ва маблағи таҳсил, ихтисосҳои нав, сатҳи тайёр намудани мутахассисон ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.