(5 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Хошимзода Р.Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҷаласаи корӣ бо иштироки  муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту муассисаҳои маркази вилоят доир гардид. Дар кори ҷаласа мудири шӯъбаи кадрҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ином Султонзода иштирок намуда, ҳозиронро бо тағийроти кадрӣ ошно намуд. Мувофиқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 06 феврали 2017  Раъно Ҳошимзода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таийн гардид.
Номбурда то ин вазифа Декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буда фаъолият менамуд. Оилоадор буда унвони илмии нозади илмҳои иқтисод аст. Соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аст.