(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Расондани кумаки моддӣ ба 175 ятими бе падару модарРасондани кумаки моддӣ ба 175 ятими бе падару модарПрезиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳангии арбоби вилояти Суғд ба 175 нафар ятимони бе падару модар кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Аз кумакҳои моддии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст 87 нафар мактаббачоне, ки аз падару модар ятим мондаанд, бархӯрдор гардиданд.

Ба 88 нафар донишҷӯёни ятими бе падару модар низ туҳфаҳои хотиравӣ ва  кумаки моддӣ, аз ҷумла яктогӣ планшетҳои Samsung galaxy tab 2, ки барои донишҷӯён айни муддао аст, тақдим гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаббачагону донишҷӯёни ятимро ба хониши хубу аъло, аз худ намудани илму техникаи муосир ва касбу ҳунари матлуби замон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ҳеҷ гоҳ худро ятиму бепарастор эҳсос накунанд.

Расондани кумаки моддӣ ба 175 ятими бе падару модарРасондани кумаки моддӣ ба 175 ятими бе падару модарХотиррасон бояд наму, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми сарватманду саховатпешаро ба дастгирии ҳамаҷонибаи ятимону бепарасторон, пеш аз ҳама онҳое, ки ҳам аз падар ва ҳам аз модар ятим мондаанд, даъват карда буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи рӯзҳои сафари корӣ ба вилояти Суғд дар иҷрои ин даъват ташаббуси ибратбахш нишон дод. Дар натиҷа тайи

Расондани кумаки моддӣ ба 175 ятими бе падару модар

ин рӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд ба 878 нафар ятимони бе падару модар кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои хотиравии Сарвари давлат дастрас гардид.