(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мулоқоти Раиси шаҳр бо ҷавонони фаъолИмрӯз дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии Раиси шаҳри Хуҷанд бо ҷавонон вобаста ба эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон баргузор гардид.
Баъди суханони ифтитоҳии мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз доир ба вазифаҳои ҷавонон ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани чорабиниҳои Соли ҷавонон ва вазифаҳои минбаъдаи онҳо суханронӣ намуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, имрӯз аз ҳар як нафар ҷавон дар ҳамаи самтҳои фаъолият масъулияти баланди хештаншиносиро тақозо намуда, ҳар яки моро дар масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва соҳибмаърифат, тарғибу ташвиқи пайвастаи донишандӯзӣ ва камолоти ҷисмониву маънавии ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ байни ҷавонон ва ҷомеа ҷиддан вазифадор менамояд. Мулоқоти Раиси шаҳр бо ҷавонони фаъолБа ба маълумоти омори нигарем то имрӯз дар маркази вилоят 75 нафар олимони ҷавон ва 29 нафар ихтироъкорони ҷавон дар донишгоҳҳо фаъолият бурда, саҳми арзандаи худро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд. Ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд 7 нафар ҷавонон интихоб гардида, сол то сол сафи ҷавононе, ки дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ интихоб мешаванд, афзоиш меёбад. Ҳамчунин 100 нафар роҳбарони корхонаҳои хурди саноатиро соҳибкорони ҷавон ташкил дода, 17 корхонаҳои саноатиро маҳз ҷавонон таъсис доданд.
Баъдан як зумра ҷавонони фаъоли шаҳр аз соҳаҳои мухталиф доири таъсиси маркази захиравии рушди ҷавонон, озмуни шаҳри барои омӯзгорони фанҳои дақиқ,бунёди мактаби мусиқи дар маҳаллаи “Темурмалик”, ташкили хонаи мӯди либосҳои миллӣ, силсилаи барномаи телевизионӣ барои ихтироъкорони ҷавон ва маҳфили зарифон ва ғайра ба Раиси шаҳр пешниҳодоти мушаххас намуданд.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз  вобаста ба эълон гаштани соли 2017 чун соли ҷавонон дар назди сохторҳои дахлдори вазифагузорӣ намуд.
Дар ниҳояти чорабинӣ муроҷатномаи ҷавонони шаҳр қабул гардид.