(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Муроҷиатномаи ҷавонони шаҳр дар мулоқоти Раиси шаҳри ХуҷандДар Паёми Сарвари кишвар, ки санаи 22 декабри соли 2016 ироа гардид, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷавонони бо нангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017, Соли ҷавонон эълон гардид,  ки ин эътимоду боварии Сарвари давлат ба масъулияту ташаббусҳои тамоми ҷавонон кишвар мебошад. Ин иқдоми шоистаи Сарвари давлат, дар таҳкими худшиносии миллӣ, худогоҳиву ҳисси ватандӯстии онҳо обутоби сиёсиву ҷисмонии насли ояндасоз ҳамаҷиҳата мусоидат мекунад.
Воқеан Истиқлолиятӣ давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳост, ки тамоми наслҳои миллати сарбаланди  тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳазорсолаҳо барои он талошу ҷадал доштанд, вале ин рӯйдоди одилонаи таърихӣ танҳо насиби насли имрӯзаи тоҷикон мушарраф гардида, боиси шарафу ифтихори  мост.
Бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд чандин иншоотҳои бузурги варзишӣ, фароѓатӣ, муассиаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд, ки ҷавонони шаҳри Хуҷанд дорои   имкони  хуби таҳсил ва фароѓат гаштанд, ки ҳамаи ин бевосита меваҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мебошад.
Вале як чизро набояд фаромӯш кунем, ки барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан, миллати шарафманди тоҷик аз имтиҳони сахти таърихӣ гузашта, бо худшиносиву матонат худро барои оламиён муаррифӣ кард ва собит намуд, ки соҳиби  таърихи пурифтихор ва фарҳангу маърифати пойдору устувор мебошад.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” пазируфта шуда аз ҷониби бештар аз 193 кишварҳои олам ҳамаҷиҳата дастгирӣ ёфт. Бешубҳа ин иқдоми таърихӣ боиси ифтихормандии мо, - ҷавонон гардида ҳар яки моро ба амалҳои созандагию ободкорӣ ва саҳм гирифтан дар дастовардҳои даврони истиқлолият ҳидоят менамояд.
Аз оғози соли равон амалӣ гаштани боз як ҳадафи  стратегии давлат,- таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистони азизи мо дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Мо, ҷавонони шаҳри Хуҷанд марзу буми Ватани азизамонро муқаддас шуморида, онро сидқан дӯст медорем ва саҳми арзандаи худро дар бунёди ин давлати мутараққӣ хоҳем гузошт ва бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем, ва барои осудагӣ ва суботи Тоҷикистон сайъу кушиш намуда тамоми ҳастии худро барои амалисохтани ин щояҳои нажиб ташкилу сафарбар менамоем.
Мо иштирокчиёни мулоқот тамоми ҷавонони Хуҷандшаҳр – коргарҷавонон муҳассилин ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро даъват менамоем, ки ҷиҳати амали сохтани иқдоми созандаи Сарвари давлат аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд, бо таҳсили аълою амалҳои созанда дар рушду нумӯи ҳама соҳаҳо саҳми сазовор ҳамроҳ намоянд. Барои сазовор истиыбол намудани ҷашнҳои мубораку муқаддаси миллӣ 20-солагии Ваҳдати Тоҷикистон, 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқидилона саъю талош варзанд.
Муроҷиатнома дар мулоқоти Раиси шаҳр бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд муҳокима ва қабул гардидааст.

 

шаҳри Хуҷанд                                                 31 январи соли 2017