(2 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз НаврӯзСубҳи рӯзи якшанбе тамоми мардуми шаҳри Хуҷанди бостониро садои доираву карнай ва сурудумусиқӣ ба макони таърихӣ,- муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» барои  таҷлили яке аз идҳои аҷдодию миллиамон “Иди Сада” даъват намуд. Дар  таҷлили ин иди хуҷастапай муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф  Файз, сокинони шаҳр, олимону зиёиён, устодону муҳассилини макотиби оливу миёна ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ширкат намуданд. Дар мавзеҳои гашти оммавӣ дар гӯшаҳои махсус 15 нафар занони ҳунарманд,- гирандагони гранти Раиси шаҳри Хуҷанд бо маҳсулоти ҳунарии худ, рассомону ороишгарон бо асарҳои рӯи қоғаз кашидашуда, 400 нафар варзишгарони ҷавон бошад бо барномаи махсуси варзишӣ ва беш аз ҳазор нафар хонандагону тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ҳамроҳи омӯзгорони худ ҳунари истеъдоди худро манзури иштирокдорони ин чорабинӣ намуданд. Сада омад, ки туро мужда диҳад аз НаврӯзҲамзамон ба ҳозирон, аз ҷониби занону духтарон тарзу усули дӯхтани либосҳои миллӣ, зардузӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, пешниҳод гардида, толибилмону кӯдакон бошанд анъанаҳои миллиро аз қабили “Аловпарак”, “Арғамчинкашӣ”, “Лаппарбозӣ”, “Ошуқбозӣ” “Ланкабозӣ”- ва чандин дигар маросимҳои идиро намоиш доданд.
Лозим ба қайд  аст, ки Иди Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумии миллати мо буда, ҳамчунин ин идро муждаи баҳор ҳам меноманд. Тибқи ривоятҳо дар ҷашни бостонии Сада гулхан меафрӯхтанд ва ният мекарданд,ки гармию рӯшноии он бояд мардумро аз сардии зимистон ба рӯшноиву гармиҳои баҳор мерасонд. Ҳамин тариқ 50 рӯзу 50 шабро то фарорасии Наврӯз мардум бесаброна интизор гашта, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омодагӣ мегирифтанд.